Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар ҳудуди бозори марказии шаҳр ва ҷойҳои сераҳолӣ бо шаҳрвандон мулоқоту суҳбатҳои иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯриҳо таваҷҷуҳи шаҳрвандон пеш аз ҳама ба масъалаҳое ҷалб карда шуд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза ва махсусан ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар аҳамияти амалӣ доранд. Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, риояи қонун ва гирифтани маълумоти саҳеҳ метавонад онҳоро аз як қатор мушкилоту ҳолатҳои номатлуб эмин нигоҳ дорад.
Яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбатҳо пешгирии коррупсия буд. Таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, иштироки фаъоли ҳар як шаҳрванди масъулиятшиносро тақозо менамояд. Ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз додан ё гирифтани пора худдорӣ намуда, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои коррупсионӣ бетараф набошанд ва дар бораи чунин ҳолатҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани ҳушёрии шаҳрвандон масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Шаҳрвандон огоҳ карда шуданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маълумот, наворҳо ва даъватҳои дорои мазмуни ифротӣ бо шубҳа ва эҳтиёткорӣ муносибат намуда, ба гурӯҳҳо ва саҳифаҳои ношинос пайравӣ накунанд. Аз ҷумла, зарурати ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва пешгирии ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ таъкид гардид.
Дар идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар доранд, оид ба риояи қоидаҳои будубош, эҳтироми қонунҳои кишвари қабулкунанда, донистани забон ва урфу одатҳои он кишвар, интихоби касбу ихтисоси мувофиқ ва омодагии дуруст пеш аз сафар тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар сурати омодагии дуруст ва риояи талаботи қонун метавонад барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон имконият фароҳам оварад. Аз ин рӯ, ҳар як шахсе, ки ба хориҷи кишвар сафар менамояд, бояд пеш аз сафар аз шарту талаботи будубош, ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва қоидаҳои амалкунандаи кишвари сафаркунанда огоҳ бошад.
Дар рафти суҳбатҳо инчунин ба намуди зоҳирӣ ва фарҳанги рафтор дар муҳити ҷамъиятӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва риояи одоби муошират таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Чорабинии имрӯза нишон дод, ки расонидани маълумоти дурусту саривақтӣ ба аҳолӣ яке аз роҳҳои самараноки пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гирифторшавӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

