Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” вохӯрии судманд бо шаҳрвандон пеш аз сафар, баргузор намуд.
Зимни суҳбат масъулин доир ба мавзуъҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ ба самъӣ шаҳрвандон расонида шуд, ки Муассисаи давлатии Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово” дорои сомонаи расмӣ ва платформаи ягонаи дастрасии хизматрасониҳои электрониро доро буда, шаҳрвандон барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои мазкур метавонанд аз он истифода баранд.
Ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки онҳо метавонанд тавассути платформаи мазкур навбат гирифта, дар вақти муайянкардашуда ҳозир шуда, бе навбатпоии тулонӣ хизматрасониҳои Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ “Сахарово”-ро дастрас намоянд.
Барои гирифтани хизматрасонищои маркази мазкур аз линки зер истифода намоед: http://90.154.106.61:28080/PreRegistration.aspx
Дар ин замина маълум менамоем, ки сабти навбатгирӣ барои дарёфти хизматрасониҳои болозикр тавассути порталҳои хизматрасони “АМИНА” ва “МИГРАНТСЕРВИС” имконпазир мебошад.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пеш омаданӣ мушкилот метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР барои гирифтани машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

