Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро фароҳам овардааст.
Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Маҳз 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии мамлакат саҳифаи навро боз намуд.
Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва принсипҳои асосии ҷомеаро муайян мекунад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ин меъёр масъулияти давлатро дар назди шаҳрвандон муайян намуда, барои ҳифзи ҳуқуқ, таъмини адолат, баробарӣ ва зиндагии шоистаи аҳолӣ заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки мазмуну муҳтавои Конститутсияро омӯзад, меъёрҳои онро эҳтиром намояд ва дар ҳаёти ҳаррӯза риояи қонунро вазифаи шаҳрвандии худ донад. Зеро эҳтиром ба Конститутсия ва қонун нишонаи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва кафили пешрафту суботи ҷомеа мебошад. Эҳтиром ва риояи Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳифзи арзишҳои он кафолати ояндаи дурахшони давлату миллат ба шумор меравад.
Бо истифода аз ин фурсат, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як оила сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, саломатӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии бештар орзу менамоем.
Ҷашни Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!
Мустақимҷон Ахмедов,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара
