Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои эҳтимолии муҳоҷирати меҳнатӣ, бо сарбозони рухсатшудаи Қисми ҳарбии 0201-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён сараввал оид ба воҳидҳои холии ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар маълумот дода шуд, то пас аз адои хизмат ба ҷойи кории доимӣ таъмин гарданд.
Дар ҳолати ба муҳоҷират рафтан бояд ҳар яки Шумо оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати қабулкунанда, тартиби омодагӣ ба сафар ба хориҷи кишвар ва зарурати истифодаи роҳҳои қонунии муҳоҷират маълумоти зарури дошта бошед.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар бояд ҳуҷҷатҳои зарурии худро омода намуда, аз эътибори шиноснома, мавҷудияти раводид ё иҷозатномаи зарурӣ ва қонунӣ будани фаъолияти корфармо огоҳ бошад. Ҳамчунин, зарурати бастани шартномаи меҳнатӣ, шиносоӣ бо ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва риояи қоидаҳои будубош дар давлати қабулкунанда шарҳ дода шуд.
Ба сарбозони рухсатшуда фаҳмонида шуд, ки аз хизматрасониҳои шахсони миёнарави шубҳанок, ваъдаҳои бардурӯғи бо кор таъмин намудан, супоридани шиноснома ба шахсони бегона ва сафар бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ худдорӣ намоянд. Ҳамзамон, оид ба пешгирии қочоқи одамон, истисмори меҳнатӣ, қаллобӣ ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии ҳуқуқвайронкунӣ маълумот дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар маълумоти расмиро аз мақомоти дахлдор, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоянд. Дар ҳолати ба миён омадани мушкилот дар хориҷи кишвар, онҳо бояд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдор муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки муҳоҷирати бехатар аз огоҳии ҳуқуқӣ, омодагии дуруст, риояи қонунгузорӣ ва ҳушёрии ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дорад. Иштирокчиён ба риояи талаботи қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ ва пешгирии ҳолатҳои хатарнок ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар даъват карда шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сарбозони рухсатшуда ва огоҳ намудани онҳо аз роҳҳои муҳоҷирати бехатар равона карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

