• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Конститутсия  — рамзи соҳибихтиёрии давлат

Migration Service by Migration Service
23.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Конститутсия  — рамзи соҳибихтиёрии давлат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мавқеи муҳим дошта, заминаи асосии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи устувор гузошт.

Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун, ҳифзи шаъну шарафи инсон ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлат ва ҷомеа муқаррар гардидаанд.

Яке аз арзишҳои муҳимми Конститутсия эътироф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ин меъёр барои ҳар як шаҳрванд имконият фароҳам меорад, ки дар доираи қонун аз ҳуқуқҳои худ истифода намуда, дар баробари ин, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром кунад ва вазифаҳои шаҳрвандии худро софдилона иҷро намояд.

Дар шароити имрӯза, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ аҳаммияти махсус доранд, риояи меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузории амалкунанда нақши муҳим мебозад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз макони зист ва фаъолияти меҳнатӣ, бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, қонунҳои кишварро эҳтиром намояд ва ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар талаботи қонунгузории давлати қабулкунандаро риоя кунад.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар доираи ваколатҳои худ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, фаҳмонидани талаботи қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад. Дар ин раванд ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар аз тартиби будубош, фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани иҷозатномаи зарурӣ ва дигар талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошанд.

Ҳамзамон, эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда яке аз омилҳои муҳими таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонун ва саҳм гузоштан дар пешрафти давлат вазифаи муқаддаси ӯст.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт тамоми шаҳрвандонро даъват менамояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва заминаи устувори зиндагии осоишта эҳтиром намуда, дар татбиқи меъёрҳои он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Конститутсия — рамзи давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва асоси зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд аст!

Норбоев Дамир,

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ

Next Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон

Next Post
Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.