Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин руйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.
Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне Истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсия давраи нав ба амал омад. Дар натича 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райпурсии умумихалқӣ аз чониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли мехнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳиму сарнавиштсозро бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалкқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсия даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро хамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Имомалӣ Каримов,
Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

