Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, ки дар он бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон, омӯзгорону хонандагони ҷамоату деҳоти ноҳия вусъат дода истодаанд. Чунин вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод дар муассисаҳои таълимии № 2, 61, 19 бо хонандагон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолон ва шаҳрвандони бозгашта баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур баромад намуда, дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зоҳирпарастиву зиёдаравӣ, сарфаю сариштакорӣ ва бо савод гардонидани фарзандон, шароит муҳайё намудан барои таҳсил ва зиндагии онҳо гуфта гузаштанд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия қайд намуданд, ки донистани забони давлатҳои дигар чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи дар хориҷи мамлакат зарур мебошад, надонистани забони давлати муҳоҷирпазир боиси саргардонии ҷавонони мо мегардад. Инчунин, ба ҳозирин оид ба тартиби будубош дар хориҷи кишвар, тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгар, зарурияти риояи қонунгузории Федератсияи Россия ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, пеш аз сафар омода будан, инчунин ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба давлатҳои дигар манъ аст, дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Инчунин, масъулин дар бораи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, никоҳи хешутаборӣ, номгузории фарзандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пойдору устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватани азиз ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди толору майдонҳои варзишӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ, иштироки ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

