Кормандони МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандон, ки ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия тавассути нақлиёти мусофирбар барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъмин намуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба гаравиши ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терорристиву экстремистӣ, нашъаҷалобӣ иттилоъ дода шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз ҳар гуна гурӯҳҳои мухолифатангез дурӣ ҷуста, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои аоилаи худро эмин нигоҳ доред.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
