Кормандони МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд да якҷоягӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва намояндаи Прокуратураи нақлиёти вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути қатора ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ равонаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ кормандони маркази машваратӣ ҷиҳати риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони таҳҷоии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгарову тундрав фаҳмонида шуда, оид ба тағийротҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия маълумот дода шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба тағйиротҳои қонунгузорӣ ва истифодаи барномаи мобилии “АМИНА” варақаҳои итиллоотӣ барои шаҳрвандон тақсим карда шуда, аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошад, барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори миннатдорӣ баён гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

