Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом вохӯрии судманд бо хонандагони Литсейи дӯзандагӣ, ки қисми онҳо муҳоҷирони баргаштаро ташкил медиҳад, баргузор гардид. Дар вохӯри мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Толибова Фарзона ва сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Конибодом – Каримов Зафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳангоми сафар намудан ба Федератсияи Россия, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд.
Тартиб ва мақсади воридшавӣ дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати минтақавии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, шинос намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонида дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.
Инчунин, ба иттилои ҳозирин расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилиҳо метавонанд ба масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, ба иштирокдорон доир ба мавзӯи муқовимат бо коррупсия ва терроризму экстремизм ибрози худро баён намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирон ҷавобҳои қаноатбахш дода, маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

