• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забони давлатӣ – пайвандгари наслҳо ва пояи миллат. Баргузории конфронс бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб

Migration Service by Migration Service
01.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Забони давлатӣ – пайвандгари наслҳо ва пояи миллат. Баргузории конфронс бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғл ва муҳоҷират” конфронси ноҳиявӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ – пайвандгари наслҳо ва пояи миллат” таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроия Қосимзода Маҳтоб Пир, намояндаи Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадёрзода Гулҷаҳон Муқим, мудири кафедраи робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ номзади илмҳои таърих Маҳмудов Давлатшоҳ, собиқадори меҳнат Имомалӣ Табарӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғл ва муҳоҷират” Олимзода Орифҷон Олим доир гардид, ки дар рафти он узви Кумитаи иҷроия, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб, омӯзгорон ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар конфронсияи мазкур баромадкунандагон доир ба гиромидошти забони давлатӣ баромадҳо намуда, ёдовар шуданд, кӣ: – яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатиро таҳким бахшид. Ин қонун мақоми ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар бахшҳои ҷомеа ба танзим медарорад;


– забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рӯи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд. Чунончи забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад. Ин забон дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд ва дар он ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст; – забон яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, ҳастии ҳар миллат, ойинаи таърих, фарҳанг ва тамаддуни он мебошад. Барои миллати тоҷик забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки рукни асосии давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва омили муҳими ваҳдати ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати забони давлатӣ ба таври бесобиқа таҳким ёфта, барои рушду густариши он заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд; – воқеан ҳам, забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад. ​Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз  вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро   дар олам  бо номи Тоҷикистон  муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, аз минбарҳои бузургу мӯътабари ҷаҳон забони давлатии мо садо дода, дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маҳбубият касб менамояд. Ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он шароитҳои заруриро фароҳам оварем; – боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни сокинони шаҳри Турсунзода

Next Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.