Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ доир ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Дар фарҷоми чорабини ба муҳоҷирони бозгашта ва аъзои оилаи онҳо варақаҳои иттилоотӣ маърифатӣ доир ба мавзуъ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

