Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар бинои Ҷамоати деҳоти Шинг бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрии иттилоотию маърифатӣ доир гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент, масъулини ҷамоат, фаъолон ва шаҳрвандоне, ки нияти сафари корӣ ба хориҷи кишварро доранд, сурат гирифт. Ҳадафи асосии ҷамъомад огоҳсозии сокинон аз қоидаҳои муҳоҷирати меҳнатии қонуниву бехатар ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб, аз ҷумла муҳоҷирати ғайриқонунӣ буд.
Дар оғози вохӯрӣ вобаста ба аҳамияти муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва зарурати омодагии дурусти шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар суҳбат гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар бояд ҳуҷҷатҳои зарурии худро омода намуда, аз талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда, тартиби воридшавӣ, бақайдгирӣ, будубош ва фаъолияти меҳнатӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар бояд муҳлати эътибори шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешакӣ санҷида шуда, нусхаи ҳуҷҷатҳои муҳим дар ҷойи бехатар нигоҳ дошта шавад. Ҳамчунин зарурати огоҳ будан аз суроғаи ҷойи кор, маълумоти корфармо ва ҷойи истиқомат таъкид гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаи пешгирии фиреб ва қаллобӣ ҳангоми ҷустуҷӯи ҷойи кор дар хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ба ваъдаҳои шахсони ношинос ва миёнаравони ғайрирасмӣ бе санҷиши маълумот бовар накунанд. Пеш аз супоридани маблағ ё ҳуҷҷатҳои шахсӣ бояд қонунӣ будани хизматрасонӣ ва дурустии маълумоти пешниҳодшуда санҷида шавад. Ҳамчунин ба иштирокчиён оид ба хатари савдои одамон, истифодаи меҳнати маҷбурӣ ва дигар шаклҳои истисмори инсон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки ҳангоми пешниҳоди ҷойи кор дар хориҷи кишвар шаҳрвандон бояд пешакӣ дар бораи корфармо, ҷойи кор, суроғаи истиқомат ва дигар шароити будубош маълумоти дақиқ дошта бошанд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ миёни масъулин ва шаҳрвандон суҳбати озод баргузор гардид. Иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби сафар, фаъолияти меҳнатӣ, бақайдгирӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирон ва роҳҳои пешгирии мушкилоти ҳуқуқӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои дахлдор гирифтанд.
Ба иштирокчиён маводи иттилоотию тавсиявӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб пешниҳод карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ бояд пеш аз ҳама дар асоси қонун, бо омодагии зарурӣ ва риояи талаботи кишвари қабулкунанда амалӣ карда шавад.
Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз роҳҳои муҳими пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фиребу қаллобӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

