Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба самти Қазони Федератсияи Россия сафар менамуданд доир ба мавзуи муҳоҷирати бехатар, пешгирии экстремизм ва терроризм корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки имкониятҳои шуғли меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ фароҳам оварда шудааст.
Пеш аз ҳама, шаҳрвандон бо кори қонунӣ ва бехатар таъмин мешаванд, зеро шартномаи расмии меҳнатӣ кафолати музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоро таъмин мекунад. Илова бар ин, иштирокчиён ба ҷойҳои кори серталаб дастрасӣ пайдо намуда, метавонанд сатҳи тахассуси худро мутобиқ ба меъёрҳои кишвари Россия баланд бардоранд.
Ҳамзамон, раванди сафар ва ҳуҷҷатгузорӣ содда гардонида шудааст: тамоми санҷишҳои зарурӣ, аз ҷумла тиббӣ, биометрӣ ва ҳуқуқӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷии кишварҳои бераводид уҳдадоранд, дар муҳлати то 30 рӯзи воридшавӣ патент дастрас намоянд, муоинаи ҳатмии тиббиро гузаранд, сатҳи дониши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузориро тасдиқ намоянд, суғуртаи тиббӣ дошта бошанд ва пардохти андози пешпардохтро мунтазам анҷом диҳанд. Патент бо шарти пардохти саривақтии маблаги муқарраргардида эътибор дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

