Бо ибтикори МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия тавассути нақлиёти мусофирбар барои муҳоҷирати меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия сафар доранд, ба самъи онҳо расонида шуд, ки ҳангоми қарор доштан дар кишвари хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва назорати вазъи солимии худ аз марҳилаи гузариши тиббӣ дар нуқтаи тибии наздиктарини ҷойи зист ва ё беморхона аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Мавриди зикр аст, ки вақтҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон вирусҳои гуногуни гузаранда, бемориҳои пуст, пайдоиши ҳашаротҳои зараровар ба вазъи саломатии сокинони сайёра таъсири манфӣ расонида, баъзе бемориҳо авҷ гирифта, ваъзи саломатии сокинони оламро зери хатар овардаанд.
Дар ин замина ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, тавсия дода мешавад, ки ҳолатҳои гигиениву санитарӣ, тозагии ҷойи кор ва ҷойи зисти худро ҳамеша хуб нигоҳ дошта, дар ҳолатҳои пеш омадани эпидемия ва ё хуруҷи бемориҳо ҳолатҳои санитариву гигиенӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онро тибқи дастури масъулини соҳаи тибби кишвари иқомат риоя намоянд.
Ҳамзамон, хотиршинон намуданд, ки дар ҷаҳон ҳолатҳои хуруҷ ва авҷгирии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил, COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ ба назар расида, ҳифз ва пешгирии саломатиатон вазифаи шаҳрвандӣ буда, худ ва наздиконатонро аз бемориҳои гузаранда ва сироятӣ ҳифз намоед.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

