Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Хадамоти муҳоҷират шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказӣ фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулият дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд. Онҳо дохил ва гирду атрофи бинои корхонаро, ки дар кӯчаи Айнӣ, ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир аст, тоза ва озода намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни шанбегӣ дарахтон, буттаҳо ва гулҳо ба тартиб дароварда шуда, гирди дарахтон нарм гардида, алафҳои бегона тоза карда шуданд.
Бо дарназардошти татбиқи ташаббуси “Шаҳри сабз”, корҳои ободонӣ, гулшинонӣ ва сабзгардонӣ дар Хадамоти муҳоҷират идома дошта, вобаста ба имкониятҳо гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, чунин шанбегиҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона мунтазам баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ободонии пойтахт мусоидат менамоянд. Кормандон ва роҳбарияти Хадамот пайваста дар зебогардонии шаҳри Душанбе саҳми назарраси худро мегузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

