Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию ичтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Коррупсия яке аз зуҳуроти мурраккаб ба ҳисоб меравад, ки решаҳои он ба заминҳои қадам мерасонад ва то имрӯз дар кишварҳои ҷаҳон боқи мондааст. Ба гуфтаи муҳақиқон, нишонаҳои аввалини ин падида ҳануз санадҳои Бобилистони қадим (асри ХIV то милод) ва баъдан дар қонунҳои маъруфи Ҳаммурапӣ ба назар мерасад.
Дар давраҳои пеш истилоҳи “коррупсия” бештар маънои фасод суйистеъмол, фурӯши мансаб ва истифодаи ғайримақсадноки ваколатҳоро дошт. Яъне, он ҳамчун истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд. Ва чунин рафтор ҳамеша аз ҷониби ҷомеа маҳкум мегардид. Дар шароити имрӯза мубориза бар зидди коррупсия ба яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами замони муосир табдил ёфтааст. Дар солҳои охир, ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз он, доир ба ин масъала андешаҳои зиёде пешниҳод шудаанд. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, коррупсия ҳамчун амали (ё беамалии) шахсони мансабдор ё ба онҳо баробар кардашуда маънидод мешавад, ки бо истифода аз ваколатҳои худ барои ба даст овардани неъматҳо, имтиёзҳо ё бартариятҳои ғайриқонунӣ ба манфиати худ ё дигарон анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, пешниҳоди чунин манфиатҳо ба шахсони мансабдор бо мақсади таъсиррасонӣ ба қарорҳои онҳо низ бо мафҳуми коррупся дохил мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бо коррупсия саҳми назаррас гузошта кишварҳои ҷаҳонро барои муқовимат ба ин падида, ки монеаи рушд ба ҳисоб меравад, муттаҳид намудааст. Аз ҷумла, соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул гардид. Ҳамон сол 9 декабр хамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия эълон шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба ин Конвенсия ҳамроҳ гардида, онро соли 2008 расман тасдиқ намуд. Ин санад қисми таркиби низоми ҳуқуқии кишвар ба шумор меравад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳури Тоҷикистон дар баробари дигар мушкилоти сиёсӣ ва иқдисодӣ, бо масъалаи коррупсия низ ру ба ру шуд. Аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сатҳи зиндагии мардум омада набудани ба иқтисоди бозорӣ аз омилҳои густариши ин падида буданд. Паҳншавии коррупсия ба равандҳои демократикунонии ҷомеа низ таъсири манфӣ расонд. Бо дарназардошти ин вазъ, Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои муҳуми ҳуқуқӣ ва сиёсиро амалӣ намуд. Бо ташаббуси роҳбарияти давлат ислоҳоти қонунгузорӣ гузаронида шуда, чораҳои мушаххас барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия андешида шуданд. Қабули фармонҳо ва қонунҳо марбут, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” (соли 1999), ба ташаккули марҳилаи нави муқовимат ба ин падида замина гузашт.
Дар маҷмуъ, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи давлат, балки масъуляти ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷомеа ва давлат метавон сатҳи ин зуҳуроти номатлубро коҳиш дода, барои рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам овард.
Натиҷаҳои асоси амалисозии Стратегия аз беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, сари вақт ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқдисодии хусусяти коррупсионидошта, инчунин нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ, мубориза коҳиш додани тамоюли афзоиши ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ мебошад.
Солиев М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод

