Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и Ҷамоати деҳоти Ворӯ байни омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ фаҳмонида шуд. Иштирокчиён оид ба мавзуъҳои баррасишуда маълумотҳои муфид гирифта, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифтӣ оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зуроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Насли наврасро ба хондани китобҳои бадеиву илмӣ, иштирок дар озмунҳо бояд ҳидоят кард, то ин ки онҳо дар оянда шахсони маърифатпарвар ва ватандӯст ба воя расанд.
Мардум бо ҳавасмандӣ ва диққати баланд аз суханрониҳо шунида, омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти олии кишвар ва татбиқи сиёсати давлат изҳор намуданд.
Аз ин лиҳоз, падару модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстию инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати будубош суханронӣ карда шуданд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

