Коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин падида метавонад ба рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ таъсири манфиӣ расонад. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.
Коррупсия воқеан яке аз мушкилоти ҷиддий ҷомеаи муосир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати давлатҳо, мубориза бо коррупсия на танҳо масъалаи дохилии кишвар, балки омили муҳимми амнияти миллӣ ва рушди устувор ба шумор меравад.
Коррупсия ба сохтори иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, он нобаробарии иҷтимоиро зиёд карда, эҳсоси беадолатиро дар байни шаҳрвандон тақвият медиҳад. Дар натиҷа, эътимод ба қонун ва давлат коҳиш меёбад. Президенти мамлакат дар ин бора чунин ибрози назар намудаанд: “Коррупсия маърифати ҳуқуқии ҷомеаро коҳиш дода, боиси шаклгирии тафаккури хатарнок мегардад, ки дар он қонун беқадр мешавад”.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия аз рузҳои авали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон муқовимат бо коррупсия як мақсади муҳим ва рӯзмарра мебошад. Пеш аз ҳама, ба мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ чунин фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хафвнок барои амнияти миллату давлати мо мебошад. Ба мо зарур аст, ки сиёсати ҳамаҷониба ва фарогирӣ зиддикоррупсиониро ба роҳ монем ва сатҳи коррупсияро дар кишвар паст ва нест намоем.
Айни замон, дар миқёси кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазири нисбати коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳоли корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст.
Узоқов О,
Мутахасиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

