Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад.
Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Ҳуқуқ падидаи мураккаби ҳаёти ҷомеа буда, паҳлуҳои гуногун, шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳастӣ дорад.
Албатта, мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо мафҳуми “ҳуқуқ” ҳарчӣ бештар ошно мегардем, ки ин бесабаб нест.
Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд намоянд.
Моҳияти ҳуқуқ низ маҳз дар ҳамин ифода меёбад.
Воқеан, ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд.
Ҳамзамон моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад.
Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна амалҳои манфӣ ҳифз менамояд.
Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.
Сарвари давлати мо бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.
Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” аз 31 декабри соли 2023 қабул гардид.
Мақсад аз “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як ҷомеа нақши асосӣ дошта, бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро ба даст оварда наметавонад.
Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, аз ҷумла муҳаққиқони ҳуқуқшинос ва шаҳрвандонро зарур аст, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.
Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират