Санаи 1 майи соли 2026 котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария Тобиас Готтҳардт ва ҳамроҳони ӯ ба Хадамоти муҳоҷират ташриф оварданд. Меҳмонони олмониро муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим Самиҷон ва Норзода Шариф Сангимурод ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати олмонӣ таҳти роҳбарии котиби давлатии Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария Тобиас Готтҳардт ва намояндагони Вазорати давлатии иқтисодиёт, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария, Агентии шуғли аҳолӣ, Палатаи ҳунарҳои Мюнхен ва Баварияи Боло, Нидербайерн – Оберпфалц, Иттиҳодияи иқтисоди Бавария, Маркази омӯзиши иқтисоди Бавария (bbw) gGmbn ва ширкати TELC GmbH дар Тоҷикистон қарор доранд.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, инчунин маълумоти саҳеҳ дар бораи фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки фароҳам овардани шароит барои кор кардани ин захираҳо ба манфиати худи шаҳрвандон ва умуман ҷомеа, вазифаест, ки давлат дар маркази сиёсати муҳоҷирати худ қарор медиҳад. Маҳз бо ҳамин мақсад аз ҷониби Ҳукумати кишвар “Стратегияи миллии танзими равандҳои муҳоҷират барои давраи то соли 2040” тасдиқ карда шуд, ки ин санад бори нахуст дар таърихи истиқлоли мо ҷанбаҳои башардӯстона, иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷиратро дар як сиёсати ягонаи ҳамаҷониба муттаҳид намуд. Яке аз самтҳои муҳимтарини он зарурати рушди фарҳанги молиявӣ дар байни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо мебошад.
Дар навбти худ ҳайати олмонӣ Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария иброз доштанд, ки мақсад аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират ин ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон барои омӯзиши забони олмонӣ бо аз худ намудани касби дилхоҳ ва фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари Олмон мебошад.
Сипас ҳайати олмонӣ аз бинои нави МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дидан намуда, аз утоқи корӣ ва синфхонаҳо, ки дар он шаҳрвандон забонҳои хориҷиро меомӯзанд шиносоӣ пайдо намуданд. Бояд қайд кард, ки ҳамаи утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо бо таҷҳизотоӣ замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон, онҳо аз филилаи МД “Маркази рушди ҳунармадӣ ва малакаҳои касбии муосир” низ дидан намуда, бо раванди омодасозии мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар аз наздик шинос шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 30 апрели соли 2026 Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони ҷавони соҳибтахассус миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати давлатии иқтисодиёт, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва котиби давлатии ҷониби Бавария Тобиас Готтҳардт ба имзо расонида шуд.
Зикр шуд, ки ин санад барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ заминаи муосид фароҳам оварда, имкониятҳои навро дар самти ҷалби мутахассисони ҷавон, рушди иқтидори кадрӣ ва мутобиқсозии бозори меҳнат ба талаботи муосир муҳайё месозад.
Дар фарҷом ҳайати олмонӣ Вазорати корҳои иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи музофоти федеролии Бавария аз ташриф ба Хадамоти муҳоҷират арзи сипос намуда, барои минбаъд ҳамкорӣ дар ин самт изҳори миннатдорӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
