Суҳбату вохӯриҳои иттилоотӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби бонувони Хадамоти муҳоҷират мунтазам идома дорад.
Ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва пешгирии қонуншиканиҳо дар раванди муҳоҷират мебошад.
Дар рафти мулоқот ба шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта бо ҷойи кори доимӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ пеш аз сафар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванде, ки нияти сафар ба ин кишварро дорад, бояд пеш аз ҳама аз талаботи қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад ва онҳоро қатъиян риоя намояд.
Зикр карда шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд дар муҳлати на дертар аз ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) ба мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот пешниҳод намоянд.
Қайд гардид, ки пешниҳоди маълумот ба мақомоти ҳудудӣ бо се роҳи қонунӣ имконпазир аст: тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия”; тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”; бо ҳузури шахсӣ ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза”-и ВКД Федератсияи Россия дар маҳалли фаъолияти меҳнатӣ (барои шаҳри Москва ва вилояти он — “Сахарово”).
Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки дар сурати риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ онҳо метавонанд вазъи ҳуқуқии худро дар қаламрави Федератсияи Россия аз даст диҳанд. Дар чунин ҳолат, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатӣ бекор гардида, шахс ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳамчунин, зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳангоми сафар тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро, аз ҷумла маълумотномаи тиббӣ оид ба набудани бемориҳои сироятӣ, маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбро ҳатман бо худ дошта бошанд.
Дар баробари ин, ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар доранд, тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз рӯйхати шахсони манъшуда санҷанд. Зеро дар айни замон назорат дар сарҳадҳои Федератсияи Россия пурзӯр гардидааст.
Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини муҳоҷирати бехатар ва ҳифзи манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
