Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия мизи мудаввар дар мавзӯи “Муҳоҷирати бехатар ва ҳифзи саломатии муҳоҷирон” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию тиббии шаҳрвандон, пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайрирасмӣ ба Федератсияи Россия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон буд.
Дар рафти чорабинӣ мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен Сатторова С., баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, риояи қонунгузории нави соҳаи муҳоҷират, роҳҳои муҳоҷирати бехатар ва зарурати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, намояндагони ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба ҳифзи саломатии муҳоҷирон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва аҳамияти гузаштани муоинаи тиббӣ пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ба иштирокчиён тавсияҳои зарурӣ доданд.
Дар идомаи мизи мудаввар иштирокчиён оид ба масъалаҳои мавриди назар саволҳо пешниҳод намуда, миёни онҳо суҳбати озод, мубодилаи афкор баргузор гардид. Ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас ва дахлдор дода шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳамкории самараноки Хадамоти муҳоҷират ва ташаккули тарзи насли солим дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию тиббии шаҳрвандон, ҳифзи саломатии муҳоҷирон ва таъмини муҳоҷирати бехатар ба нақши муҳим дорад.
Мизи мудаввар ҷамъбаст гардида, иштирокчиён аҳамияти идомаи чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

