Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар Қасри фарҳанги ноҳия бо фаъолон ва раисони маҳаллаҳо чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., оиди муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳонид, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро риоя кунанд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба сокинон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дастур дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби маъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ маърифатӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

