Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат мебошанд. Зеро мо ҷавонон ободгарони ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон мебошем.
Мо ҷавонон зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем, дастовардҳои мо аз ҷониби давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонии шоиста мегардад.
Барои баланд бардоштани маърифати мо ҷавонон, ҷалби он ба илмомӯзиву аз худкунӣ, дониш ва касбу ҳунар, соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.
Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз мо ҷавонон метавонем, ки барои рушду густариши онҳо саҳмгузор бошем.
Мо ҷавононро зарур аст, ки бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри ҳифзу густариш додани арзишҳои милли саҳмгузор бошем. Махсусан, дар шароити дигаргуниҳои геополитикӣ асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро пеш аз ҳама, ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқӣ манфиатҳои умумимиллӣ бояд ташкил диҳанд.
Боиси шодмонист, ки мо ҷавонон маҳз бо дастгирии бевоситаи ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мо ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дар ҷомеаи демокративу озоди ва ҳуқуқбунёд ба камол расида, дар рушду нумӯи ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми ҳаррӯзаи худро мегузорем.
Имрӯзҳо мо ҷавонон дар ҳама соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда, ҳамчун муҳарриқи асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият маҳсуб меёбанд.
Дар ин давраи сулҳу суббот ва ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва зираку эҳтиёткор бошем.
Ба насли мо ҷавонон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем.
Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбем.
Мо ҷавонон бояд ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гардида, дар оянда тавонем, ки зиндагии шоиста дошта бошем, мо ҷавонони тоҷик бояд эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллӣ дошта бошем.
Печутобҳои таърихи ҳазорсола, пандҳои бузургони миллат ва дарсҳои пайдарпайи зиндагӣ ба меросбарони миллат – мо ҷавонон як ҷаҳон дониш ва таҷрибаву фаҳм дошта бошем.
Ба таъкиди Сарвари давлат, мо ҷавонон бояд аз ҳама кишварҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созандаи давлату миллати азизамонро бисёр дуст дорем, ва пешниҳод намоем, ки мо ҷавонон рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон, ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азизамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ ва ватандустӣ ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби террористӣ ва экстреместӣ ва гуруҳҳои ифротгароӣ ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу буми ин миллати кишвари азизамон тоҷикистон ҳимоят намоем.
Мо ҷавононро зарур аст, ки ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тоҷикистони азизамон ҳимояи Ватан, ва рушди илму технологияи инноватсионӣ, соҳаи варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми, ва бунёдкорӣ равона созем.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созанд.
Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон саюру кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем.
Мо ҷавонони созандаи давлати соҳибистиқлоламон ва ниёгони худ, ба забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои он аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзем.
Мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол шиори “Мо ҷавонон пайрави пешвои миллат” ва “Тоҷикистон ба пеш”-ро сармашқи кори худ қарор дода, кушиш менамоем, ки баҳри пешрафти кишвари азизамон саҳм гузор бошем.
Миралиев Меҳмонбахтӣ
Мутахассиси пешбари бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират