Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ дар маҳаллаҳои Рогиф ва Рёмутки Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо сокинон вохӯрӣ оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва имконияту шароитҳои пешниҳоднамудаи давлат барои сокинон, аз ҷумла пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ дар дохилӣ кишвар ва берун аз он, имкониятҳои касбу ҳунаромузӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва имкониятҳо барои муҳоҷирони бозгашта, пешниҳоди грантҳо ва стипендияҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” баргузор гардид.
Гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ бо роҳбарии муовини Раиси ноҳия- Зайнура Умарзода, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Достиев М., мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – Мавҷуда Ҳ., намояндаи ҲХДТ дар ноҳия- Ашуров Х., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират – Валиев М., намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – Авлиёев А., мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш- Латипова У., ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – Ашуров Ш., дар вохӯрӣ ба масъалаҳои дар боло зикр гардида баромад намуданд.
Сокинони маҳаллаҳои Рогиф ва Риёмутк бо намояндагон оид ба пешниҳодҳои худ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди муассисаҳои типпи нави таълимӣ, ташкили курсҳои дӯзандагӣ ва касбу ҳунаромузӣ барои занону духтарони бешуғл фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Мудири бахши муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ Валиев М., оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, ибрози андеша намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

