Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо фаъолзанҳо дар ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои итилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зимни суҳбат зарурати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ҳар як узви оила, пешгирии муносибатҳои хушунатомез, ҳифзи манфиатҳои занону кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон шарҳ дода шуд. Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба аҳамияти мустақилияти иқтисодии занон, аз худ намудани касбу ҳунар ва нақши ин омилҳо дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хонаводаҳо маълумоти муфассал доданд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон дар оила ва ҷомеа, таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияту малакаҳо, шиддати паст намудани муҳоҷират байни занон ва бонувон ироъа гардид. Зикр шуд, ки омӯзиши касбу ҳунар, аз худ намудани ихтисосҳои талабгор ва ҷалб шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба занон имконият медиҳад, ки дар таъмини рӯзгори оила саҳм гузошта, имкониятҳои иқтисодии худро васеъ намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки истиқлолияти иқтисодӣ ва огоҳии ҳуқуқӣ метавонанд дар баланд бардоштани имкониятҳои занон барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ нақши муҳим бозанд.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин оид ба роҳҳои пешгирии зӯроварӣ, зарурати сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои хавфнок ва имкониятҳои муроҷиат барои гирифтани ёрии ҳуқуқию иҷтимоӣ аз тарафи намояндаи кумитаи кор бо занон ва оила маълумот дода шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ занони фаъоли ҷомеа бо кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр суҳбати озод анҷом дода, оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаҳои худро баён намуданд ва ҷавобҳои зарурӣ гирифтанд. Баргузории чунин вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва фароҳам овардани муҳити бехатару созанда дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

