Таърихи 6 ноябр барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи азизу мукаррам аст. Зеро 32 сол қабл аз ин дар ҳамин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои демократӣ ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки посухгӯи ниёзҳои мардуми кишвар ва меъёрҳои байналмилалист. Ҳар як давлат дорои Конститутсия мебошад, ки он принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти қонунбарор, иҷроия, судӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули Конститутсияи соли 1994 самти тараққиёти демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро, ки таҳкурсии онро ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, интихоб намуд.
Нақши таърихии конститутсияи мазкур ин аст, ки он солҳои аввали истиқлолият давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эътироф ва эҳтироми истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозии ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар кард.
Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо қабул шуда, дигар чорабиниҳои дахлдори давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори фарҳангиву таърихии миллиро эътироф ва таъмин мекунад. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар шумораи зарурии қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши забон, Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, истифодаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ, истифодаи осори фарҳангӣ, таъмини амнияти миллӣ ва монанди онҳо қабул карда шуданд. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон дар таъмини истиқлоли давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Саъдуллозода Зуҳро,
Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

