• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ шаҳри Панҷакент

Migration Service by Migration Service
23.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқоти навбатӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ шаҳри Панҷакент
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ фаҳмонида шуд

Зимни вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчиён оид ба зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ, риояи қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар давлатҳои қабулкунанда, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, санҷидани эътимоднокии корфармо ва истифодаи роҳҳои қонунии сафару фаъолияти меҳнатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд, ки огоҳии ҳуқуқӣ ва омодагии дуруст пеш аз сафар метавонад барои пешгирии ҳолатҳои фиреб, поймол гардидани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дигар мушкилоти эҳтимолӣ мусоидат намояд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои пешгирии савдои одамон (қочоқи инсон), коррупсия, экстремизм ва терроризм, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, ҷинояткорӣ ва зӯроварӣ дар оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокчиён даъват гардиданд, ки нисбат ба зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд, қонунҳоро риоя намоянд ва дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ масъалаи рушди касбу ҳунар, аз худ намудани ихтисосҳои талаботдоштаи бозори меҳнат ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл байни муҳоҷирони бозпасгардида яъне ихроҷшуда низ ироъа гардид.

Ҳамчунин, иштирокчиён ба риояи тарзи ҳаёти солим, беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии худу атрофиён даъват карда шуданд. Таъкид гардид, ки саломатии шаҳрвандон, маърифати санитарӣ ва муносибати масъулиятнок ба муҳити зист аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста ва фаъолияти самараноки меҳнатӣ мебошанд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, оид ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо андешаҳои худро баён карданд. Чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон, таҳкими ҳамкории мақомоти масъул бо аҳолӣ ва пешгирии мушкилоти марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ гуфта шуд, ки корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони маҳал минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди касбу ҳунар, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳкими некӯаҳволии оилаҳо равона карда мешаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон

Next Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”-и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”-и шаҳри Хуҷанд

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”-и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.