Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки айни замон аз кишвари Федератсияи Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави Федератсияи Россия пурзур карда шудааст.
Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

