Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими фаъолияти тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, нагардидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои радикаливу экстремистӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, дар маҳаллаи “Бофанда”- и шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Саторова М.К, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Муминов Анӯшервон, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҳаитов Салимҷон, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳр Каримова Моҳирахон ва имомхатиби масҷиди “Шайх Маслиҳатдин” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон мебошад. Гуфта шуд, ки танҳо тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ, ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаёти ҷомеа ва ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор бо сокинон метавонад ба муқовимати муассир бо ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб гардад.
Дар ҷараёни вохурӣ, оиди қоидаҳои нави Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, хизмати ҳарбӣ, инчунин нақши муассири оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Иштирокчиён зарурати идомаи чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ намуданд. Дар поёни мулоқот, сокинон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал дарёфт карданд ва аз баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

