• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ

Migration Service by Migration Service
02.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки фарзонафарзанди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар маҷмуъ сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Ба туфайли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботу оромии сартосарии кишвар ва истиқлоли давлатӣ таҳкиму тақвият ёфта, пешрафту шукуфоии меҳану вусъати рўзафзуни корҳои созандагиву бунёдкорӣ бараъло рушан асту мо аз ҳамаи ташаббусу дастгириҳои амалии Сарвари давлат самимона миннатдорем.

“Тадқиқотчиёну сиёсатшиносон, сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ то ҳол раванди ибтидои давлатдории навини тоҷиконро мавриди таҳқиқу омўзиш ва баррасӣ қарор дода, паҳлўҳои навро кашф ва кўшиш менамоянд, ки формулаи сулҳи тоҷиконро, ки барҳақ, поягузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи сарбаланди тоҷик мебошанд, дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳои дигар истифода баранд”.

Бояд тазаккур дод, ки Роҳбари ҷавони давлат дар он марҳилаи фоҷеабор, ҷавонмардона зимоми ҳокимиятро ба даст гирифта, бо андеша, сухан, рафтор ва амали худ возеҳан нишон доданд, ки маҳз танҳо ва танзо ҳамин шахс қодир аст, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда ва умуман тақдири давлату миллатро бар дўши худ гирад. Пешвои миллат аз рўзҳои нахустини давлатдорияшон ҳалли қазияро дар муколама, мусолиҳа ва гузашту авф медиданд. Дар радифи андешидани чораҳои муассир ҷиҳати истиқрори сулҳу ризояити миллӣ давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, сохт ва рукнҳои давлатдориро барқарор ва мустаҳкам гардонда, таҷдиди конститутсиониро ба вуҷуд оварда, соҳаҳои иқтисодиётро аз таназзул боз дошта, иҷтимоиёт ва ҳаёти маънавии мардумро беҳбудӣ бахшид.

Давлатдории миллати тоҷик маҳз аз замони ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Баъди гузашти ҳазорсолаҳо миллати тоҷик соҳиби давлати ҳамашумули дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид ва давлати миллии мо бо заҳмату талошҳои Президенти кишвар пурра ташаккул ёфт.

Маҳз самимияту садоқат ба Ватан ва хастанопазирии Пешвои миллат даст дод, ки ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тавонист, дар муддати кӯтоҳ зимоми давлатдориро мустаҳкам намояд, бо сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ ва ҷавонмардиаш дар дили ҳар як пиру барнои тоҷик меҳру муҳаббати софу поки ҳуввиятпарастӣ ва ватанпарастиву ватандориро бедор кунад. Дар ҳаводиси таърих ҳеҷ як унсури бегона натавонист аз рўи миллати фарҳангӣ, хирадсолор ва тамаддунофар будани миллати тоҷик руҳияи қавии онро шикаст диҳад, балки ин миллат тавонист бо фарзандони баору номуси худ ҷойгоҳи шоистаи хешро дар таърихи башарият ҳифз кунад.

Сарвари давлати тоҷикон дар ҳарду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ, дахлнопазирии сарҳад, хизматҳои шоиста намуданд.

Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Мулоқоти судманд бо шаҳрвандон дар Филиали (КВД) “Маркази таълимии Омӯзиши модулии шаҳри Кӯлоб”

Next Post

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шаҳринав

Next Post
Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шаҳринав

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Шаҳринав

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.