• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Намояндаи Раёсати Хадаморти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ғолиби озмуни шаҳрии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026” дониста шуд

Migration Service by Migration Service
28.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Намояндаи Раёсати Хадаморти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ғолиби озмуни шаҳрии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026” дониста шуд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар, дастгирии ташаббусҳои созандаи бонувон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан, тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ мавқеи муҳим касб намудааст.

Дар ин замина, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешрафти касбӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа заминаи устувор мегузорад. Баргузории озмунҳои соҳавӣ низ яке аз роҳҳои муассири амалисозии ин ҳадафҳо ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, 27 октябри соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, ноиби ректори Академия оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода Зулфия Кабир, вакилони шаҳрӣ, фаъолзанон ва хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокдорон доир ба аҳаммияти баргузории озмун, нақши занон дар низоми хизмати давлатӣ ва зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва роҳбарии онҳо ибрози назар намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар зимни суханронии худ таъкид намуд, ки дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки фаъолонаашон дар идоракунии давлатӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, саҳми занони соҳибтаҷриба ва ташаббускорро дар рушди пойтахт ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдумаликзода дар баромади худ доир ба татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа суханронӣ намуда, баргузории чунин озмунҳоро воситаи муассири муаррифии дастовардҳо ва имкониятҳои касбии занон арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон ва дастгирии ташаббусҳои онҳо ба таҳкими мавқеи зан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ба масъалаи рушди низоми хизмати давлатӣ, такмили маҳорати касбӣ ва ҷалби кадрҳои соҳибистеъдод таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нақши занонро дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки хизматчии давлатӣ бояд дорои донишҳои муосир, малакаи баланди касбӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ бошад.

Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии таҷрибаи пешқадам, таҳкими малакаҳои роҳбарӣ ва ҳавасмандгардонии занони хизматчии давлатӣ бағоят муҳим аст.

Дар қисмати ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, дипломҳо ва туҳфаҳо, инчунин ба иштирокчиёни фаъоли озмун сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Қадрдонии иштирокдорон нишонаи эҳтиром ба заҳмату талошҳо, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти касбии занони хизматчии давлатӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулият, ташаббускорӣ ва ҳавасмандии онҳо дар фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки озмуни “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” соли чорум аст, ки дар миқёси кишвар баргузор гардида, ба яке аз иқдомҳои муҳимми ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии занони хизматчии давлатӣ табдил ёфтааст. Баргузории пайвастаи он ба баланд бардоштани мақому манзалати занон дар низоми хизмати давлатӣ, дарёфти кадрҳои болаёқату соҳибтаҷриба, рушди малакаҳои касбӣ ва роҳбарии онҳо, инчунин ҷалби бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин озмунҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону соҳибистеъдод ва таҳкими мавқеи занон дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти муҳим дошта, барои рушди низоми хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии он заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026” дар шаҳри Душанбе, Бобоназарзода Санавбари Алӣ намоянда аз  Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе иштирок намуда ғолиби ҷойи якум байни хизматчиёни давлатии собиқаи хизмати давлатии зиёда аз 8 солдошта сазовор дониста шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.