28 уми октябри соли 2026 дар доираи баргузории даври аввали озмуни умумишаҳрии “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ”, “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ”, “Беҳтарин вакил”, “Беҳтарин таблиғотчӣ”, “Беҳтарин корманд” ва “Беҳтарин хабарнигор” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳайати Комиссияи озмун аз фаъолияти дохилиҳизбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” дидан намуданд.
Зимни боздид ҳайати Комиссияи оид ба таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, фаъолияти гурӯҳи тарғиботӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, татбиқи ҳадафу вазифаҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сипас, ҳайати Комиссияи озмун бо вазъи ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, тартиби пешбурди ҳуҷҷатҳои корӣ, фаъолияти ташкилӣ ва натиҷаҳои корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ шинос гардид.
Дар натиҷаи шиносоӣ ҳайати Комиссияи озмун ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” баҳои аъло дода, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти дохилиҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барору комёбиҳои нав таманно намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
