Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ёвон вохӯрии навбатӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ доир гардид.
Кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷойи кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба сокинони ноҳия тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд номнави шаванд, ба осорхона, театр, китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.
Вохӯрӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

