Нимаи дуюми 16 июли соли 2026, бо иштироки сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мазориев Хуршед, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо ва Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Камолзода Саид вохӯрии навбатӣ бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои интиқолдиҳандаи шаҳрвандон ба хориҷи кишвар дар вилояти Суғд доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти шаш моҳаи соли 2026 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Зимни мулоқот роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират иттилоъ дод, ки дар ин давра бо мусоидати ширкатҳои расмии интиқолдиҳанда шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ хориҷ аз кишвар сафарбар карда мешаванд. Масъалаҳои марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, пешгирии ҳолатҳои фиребу қаллобӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Роҳбарони ширкатҳои интиқолдиҳанда пешниҳодҳои худро дар самти такмили ҳамкорӣ, бартарафсозии мушкилотҳои мавҷудбуда бо сохторҳои давлатӣ иброз доштанд. Ин имкон медиҳад, масъулиятнокӣ тарафайн боз ҳам мустаҳкам гардида, сатҳу сифати муҳоҷирати меҳнатиро боло бурда, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандонро дар хориҷ таъмин мегардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
