• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ободии Ватан аз ҳар хонадон оғоз меёбад

Migration Service by Migration Service
20.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ободии Ватан аз ҳар хонадон оғоз меёбад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи ташаббуси ҷумҳуриявии “300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: баҳри ободии диёр” бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, бахшҳои кор бо занон, оила, ҷавонон ва варзиш, инчунин Шуъбаи маорифи ноҳия дар деҳаҳои Ҳаваскор, Ахтарсо, ба номи Х. Файзуллоев ва Фароғати Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин бо сокинон ва фаъолони маҳаллӣ вохӯриҳо баргузор намуданд.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ободониву созандагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди маҳал, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар деҳаи Фароғат меҳнати дастаҷамъонаи сокинон намунаи ибрат буд. Бо роҳи ҳашари умумӣ корҳои ҳамворсозӣ ва рехтани қабати бетонии фарши саҳни ҳавлии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бо маром идома дошт. Сокинон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки барои бунёд ва ба истифода супоридани як майдончаи муосири варзишӣ омодагиҳои зарурӣ ҷараён доранд, ки он барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва фароғати ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатии бозгашта низ дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дастгирии онҳо дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити маҳал ва рушди деҳаҳо аз ҷониби сокинон бо қадрдонӣ арзёбӣ карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ сокинони деҳаҳо бо барномаҳои фарҳангӣ омодагии ҷиддии худро ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишон дода, маҳсули заҳмати худ, аз ҷумла корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва дигар дастовардҳои маҳаллиро муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин, ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, дар болои як қатор манзилҳои истиқоматӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардид.

Чунин иқдомҳои созанда бори дигар собит месозанд, ки бо ваҳдату ҳамдилӣ, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ метавон ҳар гӯшаи диёрро ободу зебо гардонд ва ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифт.

Алимардонов Ф., Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” идома дорад

Next Post

Ташаббусҳои сулҳофарини Пешвои миллат – заминаи зиндагии осоишта ва муҳоҷирати бехатар

Next Post
Ташаббусҳои сулҳофарини Пешвои миллат – заминаи зиндагии осоишта ва муҳоҷирати бехатар

Ташаббусҳои сулҳофарини Пешвои миллат – заминаи зиндагии осоишта ва муҳоҷирати бехатар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.