Дар ҷаҳони имрӯза, ки дар бисёр минтақаҳои он низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризму экстремизм, муҳоҷирати иҷборӣ ва буҳронҳои гуманитарӣ идома доранд, масъалаи таҳкими сулҳу субот ба яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро касб намудааст.
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат қабул гардид, далели дигари эътирофи ҷаҳонии сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббуси таърихӣ боз як маротиба собит сохт, ки Тоҷикистон на танҳо ба рушди дохилии худ, балки ба таъмини сулҳу амнияти ҷаҳон низ саҳми арзанда мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардумро меҳвари сиёсати худ қарор додаанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, сулҳу оромӣ барқарор шуд ва Тоҷикистон ба роҳи рушду созандагӣ қадам гузошт. Имрӯз ин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақ эътироф гардидааст.
Сулҳу субот омили асосии рушди иқтисод, баланд гардидани сатҳи зиндагӣ, таҳкими қонуният ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои шаҳрвандон мебошад. Дар чунин фазои ором шаҳрвандон метавонанд озодона фаъолият намоянд, таҳсил кунанд, соҳибкасб шаванд ва дар рушди ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Барои соҳаи муҳоҷират низ сулҳу субот аҳамияти хос дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар кишварҳои ноором муҳоҷират бештар хусусияти иҷборӣ касб мекунад. Аммо дар Тоҷикистон, ки фазои сулҳу субот ҳукмфармост, муҳоҷирати меҳнатӣ пеш аз ҳама ба хотири беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаҳо амалӣ мегардад. Давлат барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии онҳо ва танзими равандҳои муҳоҷират тадбирҳои пайваста меандешад.
Имрӯз, бо дастури Пешвои миллат, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират ва дигар барномаҳои давлатӣ татбиқ гардида истодаанд, ки ба муҳоҷирати қонунӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи муҳоҷирон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзии шаҳрвандон равона шудаанд. Ин иқдомҳо имконият медиҳанд, ки шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар фаъолияти меҳнатии худро мутобиқи талаботи қонун амалӣ намоянд ва ҳуқуқҳои онҳо ҳифз карда шаванд.
Дар ноҳияи Қубодиён низ ҷиҳати иҷрои сиёсати давлатии соҳаи муҳоҷират корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат ба муҳоҷирати бехатар мебошад.
Ҳамзамон, дар байни ҷавонон ва аҳолӣ оид ба хатари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар, истифодаи роҳҳои қонунии муҳоҷират ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ корҳои тарғиботӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Зеро таъмини амнияти ҷомеа ва ҳифзи ҷавонон аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ низ аз самараҳои сулҳу субот мебошад.
Ташаббуси нави Пешвои миллат дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони меҳнатқарини ноҳияи Қубодиён, паёми муҳим дорад. Мо бояд сулҳу ваҳдатро ҳамчун неъмати бузург ҳифз намоем, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кунем, қонунҳоро эҳтиром намоем ва барои ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Боварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва созанда дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.
Алимардонов Ф.,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён
Инициативы Лидера нации по миротворчеству – основа для мирной жизни и безопасной миграции
В современном мире, где во многих регионах продолжаются вооруженные конфликты, угрозы терроризма и экстремизма, вынужденная миграция и гуманитарные кризисы, вопрос укрепления мира и стабильности стал одной из важнейших целей международного сообщества. В таких условиях Республика Таджикистан под руководством Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона, заслужила достойное место на международной арене как миролюбивое и инициативное государство.
Принятие резолюции Генеральной Ассамблеи ООН под названием «Международное десятилетие укрепления мира для будущих поколений», принятой по предложению Лидера нации, является еще одним доказательством глобального признания мудрой и миротворческой политики Таджикистана. Эта историческая инициатива еще раз доказала, что Таджикистан вносит значительный вклад не только в собственное внутреннее развитие, но и в обеспечение мира и безопасности во всем мире.
С первых дней своего правления Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон сделал мир, национальное единство и защиту интересов народа в центре своей политики. Именно благодаря настойчивым усилиям Лидера нации были потушены пламя гражданской войны, восстановлены мир и спокойствие, и Таджикистан встал на путь развития и созидания. Сегодня этот уникальный опыт миротворчества признан международным сообществом как успешный пример.
Мир и стабильность являются главными факторами экономического развития, повышения уровня жизни, укрепления верховенства права и создания новых возможностей для граждан. В такой мирной атмосфере граждане могут свободно работать, учиться, получать профессиональное образование и вносить вклад в развитие общества.
Мир и стабильность также имеют особое значение для миграционного сектора. Мировой опыт показывает, что в нестабильных странах миграция чаще носит вынужденный характер. Однако в Таджикистане, где царит атмосфера мира и стабильности, трудовая миграция осуществляется, прежде всего, для улучшения экономического положения семей. Государство постоянно принимает меры по защите прав и интересов трудовых мигрантов, повышению их профессиональной подготовки и регулированию миграционных процессов.
Сегодня по поручению Лидера нации реализуется Стратегия регулирования миграционных процессов и другие государственные программы, направленные на легальную миграцию, повышение уровня знаний и навыков мигрантов, изучение иностранных языков и профессиональную подготовку граждан. Эти инициативы позволяют нашим гражданам осуществлять трудовую деятельность за рубежом в соответствии с требованиями закона и защищать свои права. Значительная работа также ведется в Кубодиёнском районе по реализации государственной политики в области миграции.
Главная цель – повышение правовой осведомленности мигрантов, предотвращение нелегальной миграции, защита прав и интересов граждан и содействие безопасной миграции.
Одновременно ведётся пропагандистская работа среди молодёжи и населения о риске вступления в экстремистские группы, соблюдении законодательных требований при выезде за границу, использовании легальных миграционных маршрутов и уважении к национальным ценностям. Ведь обеспечение общественной безопасности и защита молодёжи от всех видов экстремистских идей также являются одними из плодов мира и стабильности.
Новая инициатива Лидера Нации «Международное десятилетие укрепления мира для будущих поколений» несёт важное послание, каждому гражданину Таджикистана, включая трудолюбивых жителей Кубодиёнского района. Мы должны защищать мир и единство как великое благо, воспитывать молодёжь в духе патриотизма, уважать законы и вносить свой ценный вклад в процветание нашей любимой Родины.
Мы уверены, что под мудрым руководством Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона, независимый Таджикистан продолжит укреплять свои достойные позиции на международной арене как миролюбивая, инициативная и конструктивная страна
Алимардонов Ф.,
Начальник сектора Миграционной службы Кубодиёнского района
Пешгирии ифротгароӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ инсоният ба дастовардҳои бузурги илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст. Дар баробари ин, таҳдиду хатарҳои нав низ ба миён омадаанд, ки яке аз онҳо ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияту суботи давлатҳо, ҳаёти осоиштаи мардум ва рушди ҷомеа таъсири манфӣ расонида, ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир эътироф гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият масъалаи таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додааст. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва пуштибонии мардуми сарбаланди кишвар имрӯз Тоҷикистони азиз ба як кишвари орому босубот табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Ифротгароӣ пеш аз ҳама тавассути таблиғи ақидаҳои бегона, таҳриф намудани арзишҳои динӣ ва миллӣ, инчунин истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҷавонон паҳн мегардад. Баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ кӯшиш менамоянд ҷавононро ба роҳҳои нодуруст ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ин падида ба ҳисоб меравад.
Нақши оила дар тарбияи фарзандон дар ин самт хеле муҳим аст. Падару модар бояд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, миллат, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба воя расонанд. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва фаъолони ҷомеа низ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон масъулияти калон доранд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷавонони соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ намеафтанд. Аз ин рӯ, омӯзиши илм, касбомӯзӣ, истифодаи дурусти технологияҳои муосир ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа бояд аз самтҳои асосии фаъолияти ҷавонон бошад.
Имрӯз аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки нисбат ба сарнавишти давлат ва ҷомеа бетараф набошем. Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо бо муттаҳидӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавонем ҷомеаро аз хатари ифротгароӣ ҳифз намуда, барои наслҳои оянда Тоҷикистони ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.
Алимардонов Ф.,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён
Предотвращение экстремизма — долг каждого патриотически настроенного гражданина
В условиях глобализации и стремительного развития информационных технологий человечество достигло больших научных и культурных успехов. В то же время возникли новые угрозы и опасности, одной из которых является экстремизм и терроризм. Эти нежелательные явления негативно влияют на безопасность и стабильность государств, мирную жизнь людей и развитие общества и признаны одной из насущных проблем современной эпохи.
Республика Таджикистан, как независимое государство, с первых дней обретения независимости поставила вопрос обеспечения мира и стабильности, национального единства и безопасности граждан в центр своей государственной политики. Именно благодаря мудрой политике государственного руководства и поддержке гордого народа страны сегодня наш дорогой Таджикистан стал мирной и стабильной страной. Поэтому защита этого бесценного дара является священным долгом каждого патриотически настроенного гражданина.
Экстремизм распространяется прежде всего через пропаганду чуждых идей, искажение религиозных и национальных ценностей, а также злоупотребление социальными сетями среди молодёжи. Некоторые корыстные группы, пользуясь низким уровнем правового и политического образования, пытаются склонить молодёжь на верный путь. Поэтому повышение уровня образования, национального самосознания и чувства патриотизма считается одним из важнейших способов предотвращения этого явления.
Роль семьи в воспитании детей в этом направлении очень важна. Родители должны серьезно относиться к образованию и воспитанию своих детей и воспитывать их в духе уважения к Родине, нации, культуре и национальным ценностям. В то же время, образовательные учреждения, интеллигенция и общественные деятели также несут большую ответственность за повышение уровня осведомленности молодёжи.
Опыт показывает, что образованная молодёжь, обладающая широким мировоззрением и высоким чувством ответственности, не попадает в ловушку экстремистских группировок. Поэтому изучение науки, профессиональная подготовка, правильное использование современных технологий и активное участие в общественной жизни должны стать основными направлениями молодежной деятельности.
Сегодня от каждого из нас требуется не оставаться нейтральным по отношению к судьбе государства и общества. Поддержание мира и стабильности, укрепление национального единства и борьба с любыми нежелательными явлениями – гражданская ответственность каждого человека в обществе. Только с единством, политической сознательностью и высоким чувством патриотизма мы сможем защитить общество от угрозы экстремизма и оставить будущим поколениям процветающий и развитый Таджикистан.
Алимардонов Ф.,
Начальник сектора Миграционной службы Кубодиёнского района

