Бо ташаббуси Маркази захираҳои муҳоҷират (ICMPD), 20 ноябри соли 2026 семинари омӯзишӣ оид ба “Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират” барои такмили малакаи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани дониш ва фаҳмиши шахсӣ ва касбии кормандон дар бораи масъалаҳои муҳоҷират буда, омӯзиш ба муқаррароти асосии қонунгузории муҳоҷират, тағйироти асосӣ ва таъсири амалии онҳо нигаронида шудааст.
Дар семинар мавзӯъҳои зерин баррасӣ шуданд: тағйироти ҷорӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, иттилооти пеш аз сафар ва пешгирии қаллобӣ дар бахши муҳоҷират, навсозиҳои асосӣ, талабот барои муҳоҷирони меҳнатӣ, нақшаҳои маъмули қаллобӣ ва мисолҳои амалӣ, малака ва муоширати муассир бо муҳоҷирон, равишҳои амалии муошират бо шаҳрвандон дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, пешниҳоди маълумоти фаҳмо ва усулҳои муошират пеш аз сафар ва пас аз расидан.
Дар давоми семинар, иштирокчиён имкон доштанд, ки таҷрибаҳои худро мубодила кунанд ва маслиҳатҳои муфид гиранд.
Маркази захираҳои муҳоҷират (ICMPD) ният дорад, ки семинарҳо ва тренингҳои шабеҳро барои баланд бардоштани малакаҳои касбии кормандони Хадамоти муҳоҷират идома диҳад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

