Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандолн расонида шуд, ки аз 1 январи соли 2027 дар Федератсияи Россия тартиби нави назорати даромади шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҷорӣ мегардад. Тибқи талаботи нав, маълумоти расмӣ дар бораи даромад яке аз шартҳои асосии гирифтани патент ё иҷозатномаи кор ба ҳисоб меравад.
Бо истинод ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия иттилоъ додааст, дар сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ дар бораи даромади муҳоҷирон, мақомоти дахлдор метавонанд аз додани патент худдорӣ намуда, ҳуҷҷатҳои қаблан додашударо низ бекор кунанд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки даромади шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси маълумоти пардохтҳои суғуртавӣ барои давраҳои се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳи соли тақвимӣ санҷида мешавад.
Ҳамчунин, на танҳо набудани маълумот дар бораи даромад, балки аз меъёри муқарраршуда кам будани он низ метавонад барои рад ё бекор кардани патент асос гардад.
Меъёри даромади зарурӣ бо назардошти ҳадди ақалли зиндагӣ ва коэффитсиенти минтақавӣ муайян карда мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд даромади кофӣ барои таъмини худ ва аъзои оилаи таҳти сарпарастиашон дошта бошанд.
Ба иттилои мақомоти кившари Россия, ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин талабот тақвияти назорати шуғли қонунӣ, шаффофияти даромад ва муайян намудани қобилияти молиявии шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

