Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, кишвар ба марҳалаи нави таърихии рушд ворид гардид. Дар ин давра ба зиммаи роҳбарияти давлат вазифаҳои ниҳоят муҳиме гузошта шуданд: барқарор кардани сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст.
Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон давраи душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард. Маҳз бо талош ва иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу оромӣ дар мамлакат барқарор гардид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 имзо шуд, ба ҳаёти мардум оромӣ ва ба давлат имкони рушди устувор бахшид. Аз ҳамин сабаб Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун меъмори сулҳ шинохта мешавад. Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории навини Тоҷикистон ворид гаштааст.
Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин макон аст. Ватан – ин модар аст, ин хона аст, ин ҷойест, ки инсон дар он ба дунё меояд, калон мешавад ва барои ободии он хизмат мекунад. Мо хушбахтем, ки дар Тоҷикистони азиз, кишвари сулҳу ваҳдат ва орому осоишта ба дунё омадаем ва ба воя мерасибем. Тоҷикистон – ин хонаи умеди мост, ки дар зери Парчами серанга ва Нишони давлатӣ мо озодона зиндагӣ мекунем.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳи душвор, вале шарафмандро тай намуд.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати обод ва пешрафта шинохта шудааст. Роҳҳои замонавӣ, нақбҳои Анзобу Шаҳристон, мактабҳои нав, беморхонаҳо, нерӯгоҳи бузурги Роғун – ҳамаи ин самараи истиқлолият ва сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар аст. Пешвои миллат Тоҷикистонро бо ташаббусҳои ҷаҳонии об ба тамоми дунё муаррифӣ карданд ва имрӯз номи Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид бо эҳтиром мегиранд.
Бе муболиға, барои ба даст овардани ваҳдат ва сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда шоёни таҳким ва ифтохори халқ мебошад. Ҷаноби олӣ ба хатарҳову нооромиҳои вақт нигоҳ накарда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар намуда, бо роҳбарони гурӯҳҳои мухолиф мулоқотҳо доир намуданд. Инчунин сафарҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия намуданд. Ҳамаи ин талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо дар як кишвари ором ва обод умр ба сар мебарем. Зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир иқтисоди кишвар рушду тараққӣ ёфт. Бунёди садҳо корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ – аз ҷумла НБО “Роғун”, роҳҳои мошингард ва нақбҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, шаҳру деҳоти навсозишуда – ҳама далели сиёсати дуруст ва дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ низ пешрафтҳои назаррас ба назар мерасад: соҳаи маориф ва тандурустӣ рушд ёфта, мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва марказҳои нави муосир бунёд шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷӣ саҳми арзишманд гузошта онро мутавозин ва дӯстона пеш мебарад.
Мо мардуми тоҷик бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.
Дар маҷмуъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи хеш муттаҳид ва ба қалби сокинони сарзаминаш шуълаи меҳру муҳаббат ва умедро ба ояндаи нек бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Шарифзода Маҳмадсалим Пир,
Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират

