Санаи 23 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират барои кормандони Хадамот семинари омӯзишӣ вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ доир гардид. Семинари омӯзишӣ аз ҷониби намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷира (СБМ) дар Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар рафти семинар вобаста ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла гуфта шуд, ки ҳар як шаҳрванд будубоши худро дар давлати қабулкунанда қонунӣ гардонад.
Ҳамзамон, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Семинари омӯзишӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
