23 июни соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, таърихшинос, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов ва ҳайати кормандон ширкат варзиданд.
Чорабинии идонаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, иброз дошт, ки Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки: “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи бузург буда, он на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии кишварамон, балки таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона менамояд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
“Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстона ва фарзандони фарзонаву фидоии хеш борҳо давлату ҷомеаи шаҳрвандии худро аз гирдоби ҳалокатбори ҷангу хунрезиҳо берун кашидааст. Ба бахти мардуми мо, дар рӯзгори душвори солҳои навади садаи бист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки бо камоли кордонӣ, ҷасорату матонат ва зиракию ҳусни тадбир Тоҷикистонро аз коми оташи ҷанги дохилӣ берун оварда, истиқлолу озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро ҳифз намояд. Бинобар ин, бо камоли итминон метавон гуфт, ки дар кишвари мо ҷашни Ваҳдати миллӣ ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад”, – таъкид намуд Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо.
Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов зимни маърӯзаи хеш иброз намуд, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолияти кишвар паси сар монд. Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози солҳои истиқлолият дар натиҷаи фитнаву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд ва хавфи воқеъии аз харитаи сиёсии ҷаҳони муосир нест шудани Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба миён овард. Дар чунин вазъияти ҳассос Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳангии Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва вакилони мардумӣ нисбати интихоби Сарвари ояндаи давлат – дурандешона ва оқилона рафтор карда, яке аз вакилони фаъоли Шурои Олӣ, ҷавони сарсупурдаи миллат, фарзанди асилзодаи тоҷик, инсони боиродаву ҷасур Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд.
Сарвари ҷавону тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор ба ҳайси Сардори давлат баромад карда, ба вакилони мардумӣ ва тамоми мардуми кишварамон изҳор доштанд: “Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем”.
Истиқлол ва ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳматкашӣ намоем. Зеро озодӣ, дӯстиву бунёдкорӣ ва созандагии фарҳанги миллӣ аз рукнҳои арзишманди ниёгони мо мебошад ва имрӯз он тақвияти худро ёфта истодааст. Эҳтироми ҳамин рукнҳои миллии гузаштагон буд, ки мо ба Ваҳдати миллӣ расидем ва ин иродаи шикастнопазири мо минбаъд низ густариш хоҳад ёфт, – қайд кард Давлатшоҳ Маҳмудов.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо бори дигар таъкид намуд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодирӣ сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон эътироф гардида, нақши тарроҳи он – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе чунучаро барҷаста муаррифӣ мегардад ва ин боиси ифтихор ва эътимоди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Дар фарҷом Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо бори дигар аҳли нишастро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқбол гирифтани ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

