Суҳбати саривақтӣ бо волидони шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” аз ҷониби кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат бо волидони шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки барои пешвоз ва гуселонидани фарзандонашон омода буданд, ин пеш аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, мебошад.
Ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

