Тағйирёбии глобалии иқлим дар асри XXI танҳо як масъалаи экологӣ нест, балки ба яке аз омилҳои асосии муҳоҷирати экологиву меҳнатии аҳолии курраи Замин табдил ёфтааст. Иқлимшиносон тағйирёбии иқлимро тайи даҳсолаҳои охир ба яке аз омилҳои асосии муҳоҷирати аҳолӣ ва муҳаррики ин раванд арзёбӣ мекунанд. Тағйирёбии иқлим мустақиман одамонро муҳоҷир намесозад, балки мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро шиддат бахшида, кӯч бастанро ба ягона роҳи ҳали мушкилот табдил медиҳад.
Мувофиқи гузоришҳои Бонки Ҷаҳонӣ агар ин раванд бо чунин равиш давом кунад, то соли 2050 беш аз 216 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба “муҳоҷирони экологӣ” табдил ёфта, маҷбур мешаванд макони зисти худро тарк кунанд. Ин падидаи мураккаб ва печида вазъи иҷтимоии мардуми деҳот, иқтисодиёти шаҳрҳо ва бозори меҳнатро дар сатҳи байналмилалӣ ба куллӣ дигаргун месозад.
Омилҳои асосии муҳоҷирати экологӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:
1. Ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва бемаҳале, ки ба монанди афзоиши сел, обхезиҳои шадид, фаромадани ярч ва тӯфонҳо инфрасохтор ва манзилҳои аҳолиро дар як лаҳза хароб мекунанд. Ин ҳолат боиси муҳоҷирати кӯтоҳмуддат ва маҷбурии дохилӣ мегардад, дар ин асно аҳолии зарардида ба бошгоҳҳои муваққатӣ ё минтақаҳои амн паноҳ мебаранд.
2. Равандҳои суст ва дарозмуддат. Дар натиҷаи баланд шудани ҳарорат манбаъҳои обӣ коҳиш ёфта, заминҳои корамро аз гардиши кишоварзӣ боз медорад. Деградация ва шӯршавии заминҳо бошад, ҳосилнокии хокро паст карда, амнияти озуқавориро зери хатар мегузорад. Обшавии босуръати пиряхҳо дар кишварҳои кӯҳсор боиси сар задани селҳои тобистона ва баъди даҳсолаҳо боиси камобӣ ва хушксолии шадид дар фасли тобистон мегарданд.
Муҳоҷирати экологӣ дорои се ҷараёни асосӣ мебошад ва ҳар кадоме мушкилоти хоси худро дорад:
– муҳоҷирати дохилӣ (кӯч бастан аз деҳот ба шаҳрҳо). Деҳқононе, ки аз камҳосилӣ ва беҳосилии заминашон танқисӣ мекашанд, ба шаҳрҳои калон мекӯчанд;
– муҳоҷирати беруна (муҳоҷирати корӣ ба хориҷа). Дар натиҷаи беҳосил гардидани заминҳои корам сафи деҳқонони бекор зиёд мешавад ва бозори меҳнати дохилӣ наметавонад ин шумораи зиёди аҳолиро бо кор таъмин намояд, дар натиҷа рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатии беруна афзоиш меёбад. Барои мардумони Осиёи Марказӣ масири асосии муҳоҷирати меҳнатии беруна Федератсияи Россия ва Қазоқистон мебошад, гарчанде, ки тайи солҳои охир масирҳои муҳоҷират ба самти кишварҳои аврупоӣ ва Кореяи Ҷанубӣ васеъ шуда истодаанд;
– муҳоҷирати маҷбурии давлатӣ (кӯчонидани иҷборӣ аз минтақаҳои осебпазир ва хатарнок ба минтақаҳои амн). Ин равандест, ки давлат худаш аҳолиро бо назардошти ҳуқуқи коститутсионии онҳо аз минтақаҳои осебпазир ва хатарнок ба ҷойҳои бехатар ва амн мекӯчонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз осебпазиртарин кишварҳо дар баробари тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба шумор меравад. Дар кишвар расман беш аз 1149 минтақаи хавфи экологӣ муайян шудааст.
Тағйирёбии иқлим таъсири хешро ба ҳолати гендерии ҷомеа ба таври назаррас мерасонад. Дар натиҷаи муҳоҷирати меҳнатии мардон дар деҳот роҳбари оила, кори саҳро ва ҳамаи шикасту рехти рӯзгор ба дӯши занон бор мегардад. Дар ин раванд онҳо маҷбуранд дар шароити тағйирёбии иқлим роҳҳои мутобиқшавиро пайдо кунанд.
Хулоса, раванди муҳоҷирати иқлимӣ на танҳо як мушкилии экологӣ, балки заминаи пайдоиши мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Агар имрӯз ба мутобиқшавии аҳолии минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим сармоягузорӣ карда нашавад, дар оянда хароҷоти иҷтимоию иқтисодии урбанизатсияи бетартиб ва муҳоҷирати маҷбӯрӣ барои давлатҳои алоҳида ба маротиб гаронтар хоҳад шуд.
Гулаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

