Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” суҳбату вохӯриҳоро бо шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки айни замон аз кишвари Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид дода шуданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карда шуд, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд.
Хадамоти муҳоҷират аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд. Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
