Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ, истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, сарҷамъии миллат, таъмини ваҳдат ва раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат басо бузурганд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт.
Таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат, дар мамлакат, бахусус дар самти гузариш ба иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла ҷиддияти масоили рушди иқтисодӣ бинобар зарурати дар солҳои аввали истиқлол ҳаллу фасл кардани онҳо ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули бахши хусусӣ бениҳоят бузург аст.
Дар тули зиёда аз се даҳсолаи роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон роҳи пуршарафи созандагиро тай намуд. Аз ҷумла, пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ яке аз комёбиҳои нодири таърихӣ мебошад, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат амалӣ шуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон ҳамчун “мактаби сулҳофаринии тоҷикон” дар ҷаҳон шинохта шудааст. Бунёди пояҳои давлатдории миллӣ – қабул ва татбиқи Конститутсияи нави кишвар (соли 1994), таъсиси парлумон, артиш, рамзҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳим. Таҳкими сиёсати хориҷӣ ва мақоми байналмилалӣ – Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои муҳим (СММ, СААД, СҲШ, ИДМ) пазируфта шуд ва муносибатҳои дӯстонаро бо кишварҳои зиёди ҷаҳон барқарор кард. Ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – гузариш аз иқтисоди бозорӣ, ташаккули бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум. Барномаи вижаи сохтмон ва созандагӣ – садҳо неругоҳ, нақб, роҳҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, маорифӣ ва фарҳангӣ бунёд гардиданд.
Нақши Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи давлатдории нави тоҷикон ин падидаи нав, рамзи қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ободонӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираи таърихӣ ва шахсиятҳои мондагори миллат мебошад, ки асоси назариявию методологии мактаби бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёд менамояд.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

