Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат суҳбату вохӯриҳо бо сокинони шаҳр баргузор гардид, ки дар он қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳи мубрами рӯз, баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Асозода С., ба ҳозирин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхона ва китобхонаҳо ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.
Ҳамзамон, дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

