Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва дар масири барқарорсозии Ваҳдати миллӣ, бо монеаҳои сангини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гашт, ки ин мушкилот боиси хисороти бузурги молиявию моддӣ гардиданд. Бинобар ин, барои таҳкими арконҳои давлатдор, пойдории иттиҳоди миллӣ ва таъмини суботи сартосарӣ, кишвари мо ба пешгирӣ ва несту нобуд кардани падидаҳои манфии сиёсӣ, бахусус террориз ва экстремизм, ниёзи ҷиддӣ дорад.
Терроризм худ як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор рафта, моҳияти он дар содир намудани ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштори инсонҳо, гаравгонгирӣ, таркиши иншооти истеҳсоливу маишӣ ва рабудани воситаҳои нақлиёт ифода меёбад. Экстремизм бошад, бо хислатҳои ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезӣ тавсиф шуда, бо терроризм пайванди ногусастанӣ дорад. Ба ибораи дигар, ҳадаф ва натиҷаи ниҳоии экстремизм ҳамон терроризм аст. Дар маҷмуъ бояд қайд кард, ки ҳардуи ин истилоҳ хатари бузурги бесарусомонӣ ва парокандагиро эҷод карда, оқибатҳои бисёр нанговар доранд.
Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ин падида ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба раванди қабули қарорҳои мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ё созмонҳои байналмилалӣ дониста мешавад, ки бо тарсонидани мардум ва дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ амалӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои минтақа, хатарҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди устувори худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористӣ имрӯз шаклҳои навро касб намуда, доираи фаъолияти онҳо васеъ шудааст ва усулҳои ҳамлаву ҳадафҳои онҳо доимо тағйир меёбанд.
Дар олами имрӯза равандҳое мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ё минтақа, балки ба тамоми сайёра ва кулли башарият таҳдид мекунанд. Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи ҳамин гуна зуҳуроти номатлуб мебошанд, ки хатари байналмилалӣ дошта, тамоюли паҳншавиро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон доранд ва боиси таваҷҷуҳи ҷиддии созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо гаштаанд. Гарчанде ки ин падидаҳо танҳо маҳсули ин аср нестанд, вале дар марҳилаи нав симои тоза гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккабро пайдо кардааст. Дар ҳоли ҳозир ва дар оянда низ, ин ду зуҳурот ҳамчун хатарноктарин таҳдидҳо барои инсоният боқӣ монда, бо истифода аз технологияҳои муосир, ки босуръат пеш мераванд, тарзу усулҳои нави истифодабариро пайдо мекунанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд таъкид мекунанд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест”, ки ин нишон медиҳад, ки ин амалҳои номатлуб бо дин пайванде надоранд. Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибмаърифат, махсусан ҷавонон, бояд фирефтаи афкори дурӯғини чеҳраҳои сиёсӣ нагарданд ва дар пайи омӯзишу баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии худ бошанд. Суботу амнияти Тоҷикистон ва ҳифзи марзҳои он барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад.
Собиров Садам,
Мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират
