Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид, ки дар он доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо сокинон сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Раҳимова Нигинамо доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Инчунин, зимни баромади худ ӯ таъкид намуд, ки тайи 35 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ноил гардидааст.
Дар охир ба суолҳои сершумори сокинон аз ҷониби кормандони шуъба ҷавобҳои мушаххас дод шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

